價格:免費
更新日期:2018-09-30
檔案大小:2.8M
目前版本:4.0
版本需求:Android 4.0.3 以上版本
官方網站:mailto:bekmuhamads@gmail.com
Email:https://beksoft.blogspot.com/p/privacy-policy-info-apps-built-app-as_91.html
Дӯстони азиз, мо дар ин барнома (китоб) ҳар чи ки барои беҳтарсозии саломатӣ аз тибби халқӣ аз сарчашмаҳои гуногун: китобҳои қадима ва ҳозира, рӯзномаҳо, маводди интернетӣ ва инчунин одамони калонсол шунидаем, гирд оварда, пешкаш намудем. Вале беҳтарин дору ба дарди инсон метавонад кора накунад, дар сурате ки асаб орому табъ хуш набошад. Аз ин рӯ, хоҳиш дорем, ки зиндадилу хандонрӯ бошед, зеро аз ҳама доруи беҳтарин барои инсон хандаи самимист.
Олимони дунё дар тадқиқотҳои илмии худ собит намудаанд, ки ханда беҳтарин дору барои ҳамаи дардҳо мебошад. Хандаи самимӣ ба кори дил таъсири мусбат мерасонад, фаъолияти асабро ба танзим меорад, гардиши хунро мӯътадил месозад ва барои аз вуҷуди инсон дур сохтани тарс кӯмак мекунад. Панҷ дақиқа хандидан на танҳо умрро дароз, инчунин фоидабахшии як пиёла қаймоқро дар бадани одам иваз менамояд. Дар вақти ханда вуҷуди инсон заруртарин модда, адренолин ҷудо менамояд, ки ин барои ҷавону солим мондани одам зарур аст.
Ҳамеша ба якдигар сухани хуб гӯед, табассум ҳадя намоед, ҳазлу шӯхӣ кунед, якдигарро дар ҳолатҳои рӯҳафтодагӣ дилбардорӣ намоед, бо бӯсаи самимӣ, бо огӯши гарм дӯстатонро бағал кунед, бо ишқ сухан гӯеду ҳамдигарро хушбахт созед. Барои амалҳои некаш, барои хушрафторӣ, хушахлокӣ, хушгуфторй, хушлибосиаш дӯстонатонро ситоишу таъриф намоед, то хушҳол шаванд, стрес аз онҳо дур гардад ва солимтану солимруҳ бимонанд. Охир барои иҷрои ин амал маблағе аз ҷониби мо сарф намегардад, пас чаро ин кори некро ба мавридаш анҷом надиҳем.
Бароятон зиндагии пурнишот, руҳи болида ва хандаи самимӣ орзу менамоям!
Keywords: book tajik books tajikistan китоб китоби точики точик точикистон барнома химия биология